Ҳизбҳои сиёсии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориро вусъат мебахшанд

Июнь 15, 2023 11:29

ДУШАНБЕ, 15.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 июн дар шаҳри Пекин ҷаласаи якуми Муколамаи ҳизбҳои сиёсии Чин ва Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Сарнавишти муштараки Чин ва Осиёи Марказӣ: масъулияти ҳизбҳои сиёсӣ» баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҳизбҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷаласаи мазкур бо мақсади татбиқи тавофуқи бадастомада байни сарони давлатҳо моҳи майи соли 2023 дар Чин аз ҷониби Ҳизби Коммунистии Чин баргузор карда шуд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар масъалаи муносибатҳо ҳамеша калидӣ буда, метавонад натиҷаҳои самарабахш ба бор оварад.


Тавре таъкид гардид, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатиро ҷашн гирифтанд. Дар ин муддат муносибатҳои байни давлатҳо марҳила ба марҳила таҳким ёфта, ба зинаи нави ташаккул баромад. Мантиқист, ки имрӯз онҳо дар қолаби шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил, эҳтирому эътимод ба ҳамдигар бомуваффақият рушд меёбанд.

Гуфта шуд, ки натиҷаи гуфтушуниди охири сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин аснои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, бовариро ба ояндаи дурахшон устувортар гардонд ва ҳамкории дарозмуддати байни давлатҳо дар тамоми ҷабҳа вусъати тоза хоҳад гирифт.

Намояндагони ҳизбҳои сиёсии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ин ҳамоиш ба хулосае омаданд, ки ба хотири мусоидат ба рушди осоиштаи минтақа табодули таҷрибаи байниҳамдигариро вусъат бахшанд.

АКС: Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Июнь 15, 2023 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?