КАҲРАМОНОН НАМЕМИРАНД! Аз номи Пешвои миллат ба падари сарбози дар ҳифзи Ватан ҳалокгашта Сабриддин Ҷумаев аз ноҳияи Рашт мукофоти давлатӣ — медали «Ҷасорат» супорида шуд
РАШТ, 12.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба падари сарбози шаҳид Сабриддин Ҷумаев, ки сокини деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Нусратуло Махсуми ноҳияи Рашт мебошад, медали «Ҷасорат» супорида шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Дар маросим супоридани мукофот меҳмонон, кормандони дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт, директорони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия ва пайвандони сарбози шаҳид иштирок намуда, иброз доштанд, ки хидматҳои афсарон ва сарбозоне, ки ҳангоми ҳимояи марзи давлатӣ ба шаҳодат расидаанд, сарфи назар нагашта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Ин мукофоти давлатӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба падари сарбози шаҳид Ҷумаев Сабриддин тақдим шуд, нишони равшан ва барҷастаи арҷ гузоштан ба хизмати афсарон ва сарбозонест, ки марзи давлат, Ватан ва миллати худро ҳимоят мекунанд ва дар таъмини сулҳ субот ва амният саҳми назаррас мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо медали «Ҷасорат» хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсон барои ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ ва адои қарзи ҳарбӣ, хизматию шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар вазъияти барои ҳаёт хатаровар, дар ҳолатҳои шадид, ки бо наҷоти ҳаёти инсон вобаста мебошад (ҳангоми ғарқшавӣ, сўхтор, офатҳои табиӣ), сарфароз гардонида мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






