«Корвони саломатӣ» дар шаҳри Хоруғ ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 15.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз «Корвони саломатӣ» дар ҳайати 40 нафар мутахассисони варзида, табибони дараҷаи олии ҷарроҳии асаб, бемориҳои бачагона ва асабшиносон таҳти роҳбарии муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба шаҳри Хоруғ расиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар доданд.
Зимни суҳбат бо табибон Шодихон Ҷамшед изҳор дошт, ки «Корвони саломатӣ» бо мақсади муоинаи саривақтӣ, пешниҳоди машварату тавсия ва табобати сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври ройгон дар шаҳру ноҳияҳо гузаронда мешавад.
Гуфта шуд, ки саломатӣ сарвати бебаҳо ба ҳисоб рафта, бидуни он зиндагии хушбахтонаро тассавур кардан ғайримкон мебошад.
Дар «Корвони саломатӣ» бо истифода аз дастгоҳи замонавии тиббӣ дар беморхонаҳои вилоят хизмати ройгон расонида мешавад.
Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нилуфар Асламшоева барои ташрифи гурӯҳи мутахасиссони варзида ба маркази вилоят- шаҳри Хоруғ миннатдорӣ баён намуда, изҳор дошт, ки ин иқдом ба хотири хизматрасонии ройгони тиббӣ ба сокинони вилоят ташкил гардида, бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ









Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?






