Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон 500 ҳазор шаҳрвандро дар курсҳои кӯтоҳмуддат соҳибкасб намуд

Июнь 29, 2023 10:33

ДУШАНБЕ, 29.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар 15 соли фаъолият Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» 500 ҳазор шаҳрвандро дар курсҳои кӯтоҳмуддат соҳибкасб намудааст, ки 33,6% -и онҳо тариқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Дар ин хусус зимни баргузории конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Саҳми Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар соҳибкасб намудани аҳолӣ» иттилоъ дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, қабл аз оғози конфронс дар саҳни Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон маҳсулоти офаридаи касбомӯзон ба намоиш гузошта шуд.

Дар чорабинӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти 15 -солаи Марказ ва саҳми он дар амалишавии барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, нақши низоми таҳсилоти калонсолон дар таъминоти кадрии соҳаи хизматрасонии иҷтимоии Тоҷикистон, рушди низоми омодасозии кадрҳо бо назардошти талаботи бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», нақши он дар танзими системаи таълими калонсолон ва ғайра маърӯзаҳо пешниҳод карда шуданд.

«Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» айни замон бо фарогирӣ аз 34 филиал, шаҳрвандонро аз рӯи 110 касбу ихтисос омода намуда, ба бозори меҳнат пешниҳод менамояд.

Тавре аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, Ҳукумати мамлакат то соли 2026 бо истифода аз тамоми имкониятҳо дар бобати ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ чораҷӯӣ менамояд. Дар ин самт аз ҷониби Муасисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ҷиҳати беҳтар гардонидани сифати таҳсилоту касбомӯзӣ ва ба омӯзиши ихтисосу ҳунарҳои барои бозори меҳнат зарурӣ фаро гирифтани аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 29, 2023 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд