Охири моҳи июн дар Тоҷикистон ҷашни Тиргон, иди зардолу ва намоиши хушкмеваҳо баргузор хоҳад шуд

Июнь 4, 2023 16:04

ДУШАНБЕ, 04.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Якшанбеи охири моҳи июн дар Тоҷикистон баргузории ҷашни Тиргон дар якҷоягӣ бо Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» дар назар дошта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзии мамлакат.

Масъулони баргузории ин ҷашну намоиш Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, телевизион ва радио, ҳифзи муҳити зист, агентиҳои беҳдошти замин ва обёрӣ, содирот, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки ҷашни Тиргон ба монанди Сада, Наврӯз ва Меҳргон ба гоҳшуморӣ ё солшумории пешиниён пайвастагӣ дорад.

Моҳи Тир (тирмоҳ, баробари 21 июн — 21 июл) дар фасли гармо, дар тобистон рост меояд. Дар ин давра ғалла ва меваҳои зиёд мепазанд. Ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи деҳқонон оғоз мешавад.

Тавре президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иброз намуд, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ Тиргон ҷашни даъвати борон аст ва ба фасли тобистон рост меояд.

Июнь 4, 2023 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии «Тоҷикстандарт» вобаста ба риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ машварат баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Самарқанд бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳо дар ҳамкории байналмилалии геологӣ» сарфароз гардонида шуд
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» даврҳои омодагии ибтидоӣ барои роҳбаладон ташкил намудааст
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба обу иқлим дар Арабистони Саудӣ баррасӣ шуданд
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ҷаласаи 99-уми Шурои иқтисодии ИДМ иштирок намуд
Дар иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини ИДМ раёсат аз Тоҷикистон ба Узбекистон гузашт
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми глобалии сиёсат дар Манила иштирок намуд
«Бонк Фридом Финанс Қазоқистон» тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон бонки фаръӣ ё филиал боз намояд
Тоҷикистон ва Корея имконияти кишоварзиро тақвият мебахшанд
Дар Самарқанд таҳти раёсати Тоҷикистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини ИДМ оғоз шуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд
«Душанбе-Инвест 2023» ба ҷалби сармоя барои рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидат менамояд