Пагоҳ дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Корея баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 18.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 19 июн дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Корея баргузор мегардад. Бо ин мақсад ҳайати 30 — нафараи соҳибкорону сармоягузорони ин мамлакат ба Душанбе меояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳадаф аз баргузории Форум ҷалби сармоягузорон ва соҳибкорони Корея ба иқтисоди Тоҷикистон ва ҳамкорӣ намудан дар соҳаҳои гуногуни сармоягузорию иқтисодӣ мебошад.
Дар доираи Форуми мазкур вохӯрии дуҷониба дар сиғаи соҳибкор бо соҳибкор (B2B) баргузор шуда, инчунин имзои санадҳои ҳамкорӣ байни доираҳои сармоягузорию соҳибкории Тоҷикистон ва Корея дар назар аст.
Ҳайати соҳибкорону сармоягузорони Корея дар ҳошияи Форум бо мақсади шиносоӣ бо фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон аз минтақаҳои саноатии мамлакат ва дигар лоиҳаҳои татбиқшаванда, инчунин аз мавзеъҳои тарихию фарҳангӣ боздид менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






