Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мо бояд ба хотири ҳифзи амнияти Ватани маҳбубамон ва суботу оромии халқамон ҳушёру омода бошем»

Июнь 28, 2023 15:41

ДУШАНБЕ, 28.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шоми 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ  ба муносибати Иди Қурбон  шаҳрвандони Тоҷикистонро даъват намуданд, ки ба хотири ҳифзи амнияти Ватани маҳбубамон ва суботу оромии халқамон ҳушёру омода бошем.

Сарвари давлат, аз ҷумла таъкид намуданд, ки дар шароити бисёр ноороми ҷаҳони муосир, ки яроқнокшавии бошитоб, шурӯи «ҷанги сард», бемориҳои сироятӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, аз ҷумла хушксоливу камобии пайдарҳам дар минтақаҳои гуногуни олам, инчунин дигар раванду омилҳо зиндагии сокинони сайёраро  торафт бештар таҳти таъсири манфӣ ва харобиовар қарор медиҳанд, мо бояд ба хотири ҳифзи амнияти Ватани маҳбубамон ва суботу оромии халқамон ҳушёру омода бошем.

«Мо вазифадор ҳастем, ки арзишҳои неку созандаи дину ойинамонро бо анъанаҳои неки илмомӯзиву маърифатпарварии мардуми куҳанбунёдамон такмил дода, онҳоро барои рушди босуботи давлат ва Ватани азизамон равона созем, — иброз доштанд Пешвои миллат  ва илова намуданд, ки дар ин раванд, мо бояд ба масъалаи илмомӯзиву азхудкунии касбу ҳунар аз ҷониби фарзандон эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа диҳем».

Президенти мамлакат тазаккур доданд, ки воқеан, савоби омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва ҳамчун мутахассис ба халқ хизмат кардан, ба ҷо овардани эҳтирому хизмати падару модар, дуои неки онҳоро гирифтан ва муҳайё намудани шароити хуб барои аҳли оила камтар аз ҳаҷ ва дигар амалҳои фарз нест. Мардуми хирадманди мо беҳуда намегӯянд, одам ба дуо ва дарахт бо об сабз мешавад.

Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки рӯйдоду равандҳое, ки солҳои охир дар минтақа ва ҷаҳон идома доранд, моро водор месозанд, ки дар байни мардум ва хусусан, наврасону ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву ифтихори ватандориро густариш бахшем, фарзандони худро ба омӯхтани илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ҳарчи бештар талқину ташвиқ намоем, ба ҷойи хароҷоти беҳудаву исрофкорӣ ва намоишкориву зоҳирпарастӣ барои онҳо шароити беҳтари зиндагиву таҳсил фароҳам оварем.

«Дигар ин ки мо бояд ба қадри давлати соҳибистиқлоламон, Ватани соҳибихтиёрамон, сулҳу оромии давлати  маҳбубамон ва ваҳдати мардумамон расем, онҳоро эҳтиёт ва ҳифз намоем, шукрона кунем, ки соҳиби Ватани озод, давлати соҳибистиқлол, узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳастем», — ёдрас гардиданд Пешвои миллат.

Дар идома Сарвари давлат хотиррасон  намуданд, ки бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки танҳо бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва заҳмати софдилонаву содиқона метавонем нақшаҳои созандаи худро амалӣ намоем, сатҳу сифати зиндагии мардумамонро баланд бардорем, Ватанамонро обод, давлатамонро пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.

АКС аз бойгонӣ

Июнь 28, 2023 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо татбиқи «Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025» сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ доир шуд
Омӯзгори фанни таълими меҳнат аз Рашт Зубдахон Валиева: «Ҳунарамро дар мактаб ба шогирдон ва дар хона ба занон меомӯзонам»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сулфаро бе эътибор нагузоред!
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Ақдҳои никоҳе, ки аз ҷониби дигар мақомот сабт шудаанд, қувваи қонунӣ надоранд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар конфронси сатҳи баланд дар Рим сухан гуфт
Саҳми таърихии тоҷикон дар ташаккули фарҳанг ва тамаддуни исломӣ. Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ оғоз гардид
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон беш аз 250 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Дар 15 соли охир барои сокинони эҳтиёҷманди ноҳияи Лахш 172 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст»
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ифтитоҳ шуд