Президенти Тоҷикистон: «Масъулин дар қатори истеҳсоли асал, гирифтани маҳсулоти иловагии асалпарварӣ, аз ҷумла гарди гул, ширеш ва заҳри занбӯрро васеъ ҷорӣ намоянд»
ДУШАНБЕ, 20.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки истифодаи комплексии оилаҳои занбӯри асалро ба роҳ монда, дар қатори истеҳсоли маҳсулоти асосӣ (асал), гирифтани маҳсулоти иловагии асалпарварӣ, аз ҷумла гарди гул, ширеш ва заҳри занбӯрро васеъ ҷорӣ намоянд. Чунин супориш доданд имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар семинар – машварати занбӯриасалпарварӣ дар ноҳияи Ховалинг.
Сарвари давлат тазаккур доданд, ки гарчанде асал маҳсулоти асосии занбӯри асал ба шумор меравад, аммо арзиши он дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ нисбат ба дигар маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ садҳо баробар паст мебошад. Масалан, арзиши 1 килограмм гарди гул нисбат ба асал 6 баробар, ширеш 8 баробар ва заҳри занбӯр 660 баробар баландтар аст.
«Дар ҷумҳурӣ оилаҳои занбӯр барои истеҳсоли маҳсулот, афзоиш додани оилаҳо, инчунин, гардолуд намудани зироатҳои кишоварзӣ истифода мешаванд. Аммо дар аксари мавридҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ моҳияти гардолудшавии боғот ва зироатро сарфи назар намуда, дар ҳудуди заминҳои ба онҳо вобасташуда ҷойгиркунии оилаҳои занбӯри асалро бе пардохти маблағ аз ҷониби занбӯриасалпарварон иҷозат намедиҳанд, ки ин боиси паст гардидани ҳосилнокии зироат мегардад»,- иброз доштанд Пешвои миллат.
Ба таъкиди Роҳбари давлат, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар аксари кишварҳои пешрафта хоҷагидорон барои дар заминҳои худ ҷойгир намудани оилаҳои занбӯри асал ҳавасманд буда, баръакс, ба занбӯриасалпарварон маблағ низ пардохт менамоянд. Тибқи хулосаи олимон, ҳангоми гардолудшавии растаниҳо бо занбӯри асал ҳосилнокии пахта ва офтобпараст аз 30 то 50 фоиз ва зироати дар гармхона парваришёбанда то 100 фоиз зиёд мешавад.
АКС: Хадамоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






