Президенти Тоҷикистон: «Таълимоти дини мубини Ислом маҳз дар анҷом додани амалҳои нек ва корҳои хайру савоб инъикос меёбад»
ДУШАНБЕ, 28.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Моҳияти инсондӯстии таълимоти дини мубини Ислом маҳз дар анҷом додани амалҳои нек ва корҳои хайру савоб зоҳир мегардад. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон.
Дар робита ба саҳми соҳибкорону шаҳрвандони ватандӯст дар ободонию созандагӣ Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки солҳои охир бисёр соҳибкорони бонангу номус ва шаҳрвандони ватандӯсту саховатпеша, ки имкони мусоиди иқтисодӣ доранд, тибқи суннатҳои инсонпарварона ба оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон, хонаҳои кӯдакону пиронсолон ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ кумак мерасонанд, дар ободониву созандагии зодгоҳашон ва шаҳру деҳоти мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
«Онҳо роҳу пулҳо, хатҳои обрасонӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ – мактабу кӯдакистон ва беморхонаву марказҳои саломатӣ сохта, дар таъмиру таъминоти хонаҳои кӯдакону пиронсолон фаъолона иштирок менамоянд»,-изҳори қаноатмандӣ намуданд Пешвои миллат.
Президенти мамлакат ёдрас шуданд, ки чунин аъмоли писандида, албатта, ба густариши иззату эҳтироми ҳамдигар, тақвияти муҳаббату дӯстӣ дар байни одамон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа мусоидат менамояд.
АКС аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






