«Равшан», «Хуҷанд» ва «Куктош» дар бозиҳоии мавқуфмондаи даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон ғолиб гардиданд

Июнь 30, 2023 13:29

ДУШАНБЕ, 30.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз бозии мавқуфмондаи даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ — «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар варзишгоҳои маркази шаҳри Кӯлоб бо иштироки 8000 мухлис баргузор гардид. Бозии дастаҳо бо ҳисоби 3:1 бар нафъи дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб анҷом ёфт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Қобили тазаккур аст, ки бозиҳои дигари даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон дар варзишгоҳои мамлакат баргузор шуданд.

Дар ин давр ҳамчунин дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бар «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо ҳисоби 1:0 ва дастаи «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бар дастаи футболи КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 1:0 ғолибият ба даст оварданд.

Чемпионати Тоҷикистон-2023

Лигаи олӣ. Даври 5

«Равшан» – «Регар-ТадАЗ» – 3:1

Голҳора: Нуриддин Хамрокулов, 51 (0:1). Самуэль Офори, 90 (1:1). Эммануэль Мваненго, 90+2 (2:1). Джозеф Акомади, 90+7 (3:1).

Беҳтарин бозингар: Самуэл Офори («Равшан»)

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ 8000 ҳазор тамошобин

«Куктош» – КМВА – 1:0

Гол: Азизбек Султонов, 75.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 30, 2023 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд