Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Баъзе ҳамватанон зиёрати хонаи Худоро ба як навъ мусобиқаи оилавӣ ва авлодӣ табдил додаанд»

Июнь 28, 2023 11:20

ДУШАНБЕ, 28.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми шодбошӣ  бахшида ба Иди Қурбон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба зиёдаравию намоишкорӣ ва исрофкории баъзе аз сокинони мамлакат таъкид намуданд, ки вақтҳои охир ҳангоми ба ҷо овардани маросиму маъракаҳо ва расму ойинҳои динӣ, аз ҷумла анҷом додани маносики ҳаҷ баъзе ҳамватанон ба намоишкорӣ роҳ дода, зиёрати хонаи Худоро ба як навъ мусобиқаи оилавӣ ва авлодӣ табдил додаанд,  чандин маротиба ба ҳаҷ, аз ҷумла ба ҳаҷҷи умра рафта истодаанд.

Тавре Сарвари давлат  таъкид намуданд, ин нафарон дар ҳоле  ин амалро анҷом медиҳанд, ки дар зиндагии оилаи аксари онҳо ва шароити хонаву дарашон мушкилоти зиёд вуҷуд дорад.

Дар ин иртибот Пешвои миллат аз  маъхазҳои муътабари динӣ мисол оварда,  иброз намуданд, ки «Ҳаҷ фақат як бор воҷиб аст ва касе, ки бештар аз он ба ҳаҷ биравад, ҳаҷҷи ӯ суннат мебошад».

«Шахсоне, ки такрор ба такрор ба ҳаҷ мераванд, як нуктаи одиро дар назар дошта бошанд, ки барои савоб гирифтан аввал ба шароити зиндагии аҳли оила, фарзандон, падару модар, наздикону пайвандон, инчунин ҳамсояҳои наздик, гирду атрофи худ ва маҳалли зисташон назар андозанд»,- хотиррасон намуданд  Президенти мамлакат.

Сарвари давлат тазаккур доданд, ки  «онҳо ҳатман хоҳанд дид, ки дар наздику атрофашон метавонанд бисёр корҳои хайрро анҷом диҳанд, ки ба нафъи оила, фарзандон, хешу табор ва ҷомеа буда, савоби ҷория ба ҳисоб мераванд. Ҳар яки мо, пеш аз ҳама, вазифадорем, ки барои худ, аҳли оила ва фарзандонамон шароити хубу бароҳати зиндагӣ, омӯхтани илму дониш, аз худ кардани касбу ҳунар, забономӯзӣ ва ғизои босифатро муҳайё созем. Ин қарзи инсонии ҳар яки мост».

АКС аз бойгонӣ

Июнь 28, 2023 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид