Ширкати нақлиётии«KIT»-и Русия тасмим дорад шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор ҷалб намояд
ДУШАНБЕ, 20.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, алалхусус ба кор ҷалб намудани шаҳрвандони Тоҷикистон чанде қабл дар мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода бо директори Департаменти ширкати нақлиётии «KIT»-и Русия Игор Долганов мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург иттилоъ доданд.
Тавре гуфта шуд, дар мулоқоти мазкур таваҷҷуҳи асосӣ ба мавзӯи ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор дар ин ширкати нақлиётии Русия дода шуд. Дар ин ширкат барои хоҳишмандон шароити хуб барои фаъолияти меҳнатӣ ва будубош фароҳам оварда шудааст.
Мусоҳибон оид ба ҳамкории мақсадноки минбаъда бо ҷалби намояндаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Урал Беҳрӯз Холиқов ба мувофиқа расиданд.
Ширкати нақлиётии «KIT» дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил васеъ муаррифӣ шудааст. Ширкати мазкур интиқоли борҳоро барои шаҳрвандон ва корхонаҳо анҷом медиҳад ва дорои таҷрибаи чандинсола буда, ҷуғрофияи васеътарини ҳузур дорад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






