«ШОҲРОҲИ ВАҲДАТ». Таҳти ин унвон дар Хоруғ фестивали ҷавонони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 26.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Фестивали ҷавонони шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Шоҳроҳи ваҳдат» 24 июн дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи Нигини Хоруғ хабар медиҳад.
Дар фестивал иброз гардид, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои орому осоишта ва сулҳу ваҳдат ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузошта, мардуми шарифи он дар шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳо ба меҳнати фидокорона ва созандагиву бунёдкориҳои тоза камари ҳиммат бастааст.
Тазаккур дода шуд, ки ташаббусҳои созандаи ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳамеша дастгирӣ ёфта, ҷавонон дар корҳои роҳбарии шохаҳои ҳокимият, истеҳсолоту тиҷорат, илму таҳсилот ва ғайраҳо пурсамар фаъолият доранд.
Таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ба ояндасозу парчамбардори миллат будани ҷавонон ишора намуда, таваҷҷуҳи тамоми сохторҳоро дар робита ба тарбия ва дастгирии ин қишри ҷомеа изҳор менамоянд.
Дар идома гуфта шуд, ки имрӯз аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо неруи бузурги мутаҳаррики рушди мамлакат мебошанд. Тоҷикистон дар замони Истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, комёбиҳои назаррасеро соҳиб гардад.
Иштирокдорон иброз намуданд, ки пешрафту ободӣ ва рушду шукуфоии ҳар ҷомеа аз суботу оромии давлат ва ваҳдату ягонагии мардуми он вобаста мебошад.
АКС: Рӯзномаи нигини Хоруғ








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






