СУПОРИШИ ПРЕЗИДЕНТ. Дар ноҳияи Ҷайҳун 500 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд

Июнь 7, 2023 11:41

ДУШАНБЕ, 07.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 6 июн дар деҳаи «Озодӣ»-и Ҷамоати шаҳраки «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун 500 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят.

Тибқи иттилои манбаъ, бо ташаббус ва саҳми соҳибкори ватанӣ Фаридун Убайдуллозода хати оби полезӣ аз шохоби дарёи Панҷ тариқи кандани канал ба масофаи 3500 метр, ҷамъоварии об дар обанбори 40х40 м, баъдан бо истифода аз 1 адад пойгоҳи обкашӣ ва 2 адад дастгоҳи обкашӣ (тамғаи 14 НДВ Д6) тариқи қубурҳои қутраш 530 мм барои обёрӣ намудани зиёда 2000 га замин бароварда шудааст. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид тадбири мазкурро намунаи беҳтарини мусоидат ба рушди кишоварзӣ дар қаламрави вилоят ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию бунёдкорӣ арзёбӣ намуд.

Барои татбиқи ин лоиҳа соҳибкор 12,5 миллион сомонӣ маблағгузорӣ кардааст. Мақсади асосии баистифодадиҳии хатти оби полезӣ ин ба гардиши кишоварзии обӣ даровардани зиёда 2000 га заминҳо мебошад. Айни замон хати оби полезӣ 500 га заминҳоро обёрӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон, ки 27 апрели соли равон дар ноҳияи Данғара баргузор шуд, чунин иброз доштанд: «Махсус таъкид менамоям, ки дар вилояти Хатлон ҳамчун калонтарин вилояти ҷумҳурӣ, қабл аз ҳама, аз лиҳози кишоварзӣ чунин имкониятҳо нисбат ба дигар минтақаҳои мамлакат бештаранд ва кишоварзони вилоят бояд дар шароити кунунӣ ба хотири ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, таъмин намудани бозори дохилӣ ва зиёд кардани содироти маҳсулот беш аз ҳар вақти дигар саъю талош намоянд».

«Бо вуҷуди он ки дар семоҳаи аввали соли 2023 маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон 41 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии кишварро ташкил додааст, вале тибқи таҳлилҳо имкониятҳои соҳа ҳоло ҳам пурра истифода нагардидаанд. Масалан, дар вилоят имконияти зиёд намудани майдони кишт аз ҳисоби ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои партов, бахусус, заминҳои обии бекорхобида мавҷуд мебошад»,- дастур доданд Сарвари давлат.

Роҳбарият ва кишоварзони вилояти Хатлон имрўзҳо баҳри иҷрои ин дастуру супоришҳои Сарвари давлат тадбирҳои судманд меандешанд, ки ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Хатлон

Июнь 7, 2023 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
«Centrum Air» парвозҳои мустақимро дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд ва Самарқанд-Душанбе-Самарқанд оғоз менамояд
Тоҷикистон ва Қирғизистон теъдоди парвозҳои мунтазам ва хатсайри автобусҳоро афзоиш медиҳанд
Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад
Байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Қирғизистон Шурои корӣ таъсис дода мешавад
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Созишнома ба имзо расониданд
Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад