ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 июн, шанбе, 154-умин рӯзи соли 2023

Июнь 3, 2023 08:00

3 июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз мавзеи таърихии шаҳри Хива «Ичан-Қалъа» ва фабрикаи қолинбофии «Хива Гилам Комбинатӣ» боздид намуданд.

***

Дар ин рўзи  соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ мулоқот карданд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла робитаҳои ду давлат  дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

***

3 июни соли 2021 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷронӣ мулоқот намуданд. Зимни мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонии давлатҳо баррасӣ карда шуд.

***

10 сол пеш, 3 июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла масоили вобаста ба ифтитоҳи расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Париж, инчунин вазъи феълии сохтмони манораи назоратию диспетчерӣ ва терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

3 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Намибия — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ.

***

Дар Черногория — Рӯзи Истиқлол.

РӮЙДОДҲО:

3 июни соли 1956 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд канали Дилварзин ба истифода дода шуд.

***

3 июни соли 2010 дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи 17-уми Шӯрои  ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози ҷумҳуриҳои узви  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи 25-уми Шӯрои  роҳбарони мақомоти андози кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор гардид.

***

3 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе густариши ҳамкории байнипарлумонӣ байни Тоҷикистон ва Гурҷистон ва таҳкими равобити Душанбе ва Тифлис дар оянда баррасӣ  шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2017 Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ маҷмуаи тавсияҳои хӯроки нисфирӯзии мактаббачагони Тоҷикистонро дар ҷаҳон беҳтарин эътироф кард.

***

Соли 2019 нахустин Портали интерактивии соҳикбор бо соҳибкор —  B2B (business to business – тиҷорат барои тиҷорат)  имрӯз дар маросими расмӣ дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, доираҳои соҳибкорӣ, шарикони рушд, сармоягузорони  хориҷӣ ва корхонаю ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

***

Соли 1928 дар ҷаҳон  аввалин маротиба  дар мағозаҳо фурӯши телевизор  ба роҳ монда шуд ва   савдои он ба таври оммавӣ вусъат  гирифт. Баъд  аз пайдо шудани нахустини телевизор олимону муҳандисон дар пайи такмилу ташаккули он пажӯҳишу озмоиши зиёд анҷом дода,  шакли муосири онро рӯи кор оварданд.

Июнь 3, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш