ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 июн, ҷумъа, 160-умин рӯзи соли 2023 аст

Июнь 9, 2023 08:00

9 июни соли 2016  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармонҳо «Дар бораи барҳам додани Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи сохтори дастгоҳ, нақшаи идоракунӣ ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расиданд. Фармонҳои мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муқарраротҳои наве, ки дар натиҷаи раъйпурсии умумихалкӣ 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ислоҳоти сохтории судии мамлакат ворид карда шудаанд, равона гардидаанд.

***

Дар ин рўзи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поси хотири хизматҳои Қаҳҳор Маҳкамов ва барои баёни тасаллият  ба хонаи ӯ рафтанд. Қаҳҳор Маҳкамов, ходими намоёни давлатӣ нимаи дуюми  8 июни соли 2016 дар синни 84-солагӣ бар асари беморӣ аз олам даргузашт.

***

6 сол пеш, 9 июни соли 2017 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.

***

9 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқоти самимӣ доир карданд. Дар оғози суҳбат Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Си Ҷинпинро барои такроран ба маснади Раиси ҷумҳур интихоб шуданашон табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки ӯ минбаъд низ барои таҳкиму тавсеаи муносиботи шарикию стратегии ду давлат  талош хоҳад кард.

***

 Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот намуданд.  Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории бисёрпаҳлӯи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуданд.

9 ИЮН:

 Рӯзи байналмилалии аккредитатсия.

***

Рӯзи байналмилалии дӯстон.

***

Рўзи байналмилалии бойгонӣ.

РӮЙДОДҲО:

8 сол пеш, 9 июни соли 2015 дар «Кохи Сомон»-и Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид  ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 баргузор гардид. Барои иштирок дар ин конфронс беш аз 1500 нафар аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд. 

***

9 июни соли 2021 дар шаҳри Бохтар дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми соҳибкорони  Тоҷикистону Узбекистон бо кори худ оғоз намуд.

***

9 июни соли 2013 Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар шахси президенти он Рустами Эмомалӣ ва Ассотсиатсияи футболи Япония (АФЯ) дар шахси муовини президенти он Козо Ташимӣ Ёддошти тафоҳум имзо намуданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2021 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба ташрифи навбатии меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев намоишгоҳ дар мавзӯи «Тоҷикистон — Узбекистон: дар масири дӯстӣ ва созандагӣ» ифтитоҳ гардид. Намоиши мазкур то 20 июни соли равон идома ёфт. Дар ифтитоҳи он роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Июнь 9, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш