Тавсеаи ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Озарбойҷон дар Боку матраҳ шуд

Июнь 26, 2023 14:29

ДУШАНБЕ, 26.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масоили марбут ба тақвияти ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар мулоқоти роҳбарияти ҳар ду бонк дар Боку баррасӣ гардид.

Тавре дар Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳадафи мулоқот тавсеаи ҳамкории байнибонкӣ тавассути табодули маълумот ва таҷриба, шиносоӣ бо ислоҳоти дар низоми бонкии Ҷумҳурии Озарбойҷон роҳандозишуда, ҳамчунин баррасии масъалаҳои муҳимми низоми бонкӣ ва таҳкими ҳамкории минбаъдаи байнибонкӣ мебошад.

Мусоҳибон аз фазои сиёсиву иқтисодии фароҳамгардида, ки ба густариши робитаҳои дуҷонибаи  ду давлат мусоидат менамояд, изҳори хушнудӣ намуданд. Фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, омӯхтани таҷрибаи Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар самтҳои низоми назорати суғуртавӣ, рушди бозори сармоя, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ), рушди бонкдории исломӣ, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ва дурнамои гузариши пайдарпай ба ҳисоббарбаркуниҳо бо асъорҳои миллии ҳарду давлат аз масъалаҳое буданд, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

Ҷониби Озарбойҷон оид ба омӯзиши таҷрибаи роҳандозии бонкдории исломӣ дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасмандӣ зоҳир намуд.

Изҳор гардид, ки  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди бонкдории исломӣ фазои мусоид фароҳам оварда шуда, заминаи ҳуқуқии танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ таҳия гардидааст ва минбаъд низ такмил дода мешавад.

Гуфта шуд, ки кормандон ва мутахассисони Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон метавонанд ба курсҳои омӯзишии Бонки миллии Тоҷикистон дар самтҳои бонкдории исломӣ, ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва ташкили ҳуҷҷатгузории электронӣ ва идоракунии он, ки баргузории онҳо дар моҳи августи соли 2023 дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ба нақша гирифта шудааст, иштирок намоянд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июнь 26, 2023 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1108 то 0.1140 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст