«TEENEAGLE 2023». Ду нафар хонандаи шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналмилалии Лондон сазовори ҷои ифтихорӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 29.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ду нафар хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд- толибаи Муассисаи таълимии давлатии Русияву Тоҷикистон «Мактаби миёна бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Хуҷанд ба номи А. Чехов» Нозанин Комилова ва хонандаи мактаби хусусии Камоли Хуҷандӣ Абӯбакр Орипов дар Олимпиадаи байналмилалии «TEENEAGLE 2023» иштироки фаъолона намуда, Нозанин мақоми дуюм ва Абӯбакр ҷойи сеюмро дар ин олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ ба даст оварданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки аз 18 то 25 июни соли равон дар Донишгоҳи Брунели шаҳри Лондони Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир, даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии «TEENEAGLE 2023», аз фанни забони англисӣ баргузор гардид.
Олимпиадаи мазкур аз рўи 3 категорияи синнусолӣ доир гардида, байни хонандагони синфҳои 3-11 баргузор шуд. Дар даври ниҳоии олимпиада, ғолибони даврҳои фосилавии озмун аз 55 кишварҳои олам, зиёда аз 750 нафар хонандагон иштирок намуданд.
Тими мунтахаби Ҷумуҳурии Тоҷикистонро 59 нафар хонандагони синфҳои 3-11 аз муассисаҳои гуногуни мамлакат муаррифӣ намуданд.
13 нафар хонандагон- 5 нафар аз «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат», 5 нафар аз мактаби Камоли Хуҷандӣ, 1 нафар аз Муассисаи таълимии давлатии Русияву Тоҷикистон «Мактаби миёна бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Хуҷанд ба номи А.Чехов» ва 2 нафар аз Мактаби хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуда, сазовори 2 ҷойи дуюм ва 4 ҷойи сеюм гардиданд.
Маросими ҷоизасупории олимпиадаи мазкур дар Донишгоҳи Кембриҷ баргузор гардид.
Хонандагони ғолибро Раёсати маорифи вилояти Суғд ва волидайну ҳамсабақон дар назди майдони Парчами миллӣ истиқбол гирифтанд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






