То охири соли равон Бонки осиёии рушд дар бахшҳои энергетика ва маориф ду лоиҳаи дигар қабул менамояд
ДУШАНБЕ, 02.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Шенни Кэмпбелл оид ба самараи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд давоми 25 соли охир бо намояндагони ВАО мусоҳиба баргузор кард, ки дар он хабарнигори АМИТ «Ховар» низ иштирок намуд. Қабл аз оғози мусоҳиба Шенни Кэмпбелл аз зебоиҳои Тоҷикистон, обу ҳаво ва лаззати нотакрори меваҳои он бо завқи хосса изҳори назар карда, сипас оид ба ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ, инчунин нақшаҳои Бонки осиёии рушд (БОР) дар ояндаи наздик суҳбат намуд.
Аз ҷумла, иброз гардид, ки шуруъ аз соли 1998 бо дастгирии Бонки осиёии рушд зиёда аз 180 лоиҳаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2,5 миллиард доллари ИМА пешниҳод ва амалӣ шудааст, ки аз ин ҳисоб 1,9 миллиард доллари ИМА ҳамчун грант (маблағгузории бебозгашт) мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки 34 фоизи грантҳо ба соҳаи нақлиёт, 24 фоиз ба соҳаи энегетика, 12 фоиз ба идоракунии бахши давлатӣ, 11 фоиз ба бахши кишоварзӣ ҷудо шуда, дар амал татбиқ карда шудааст. Ҳамчунин дар ин давра лоиҳаҳои грантии БОР дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, рушди инфрасохторҳои шаҳрӣ татбиқ шудаанд.
Намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл изҳор дошт, ки соли 2023 ду лоиҳаи нав пешниҳод мешавад, ки то охири сол аз тарафи раёсати БОР тасдиқ хоҳанд шуд. Лоиҳаи якум «Рушди энергетика» ва лоиҳаи дуюм «Васеъ намудани дастрасӣ ва баланд бардоштани сифати маълумоти умумӣ ва миёна дар бахши илмҳои табиӣ, технология, инженерия ва математика» номида шудааст.
Мавриди тазаккур аст, ки соли 2023 ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд 25 сол ва ба ифтитоҳи намояндагии Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол пур мешавад. Вобаста ба ин сафари кории Президенти Бонки осиёии рушд Масатсугу Асакава ба Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Акрам САНГ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид






