ҶУДО. Темур Раҳимов дар Гранд Слами Қазоқистон ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид
ДУШАНБЕ, 18.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи охири «Qazaqstan Barysy Grand Slam 2023» оид ба ҷудо дар Остона варзишгари Тоҷикистон Темур Раҳимов дар вазни +100 кг сазовори медали нуқра гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар финал Темур Раҳимов аз Тамерлан Башаев (дастаи варзишгарони фардии бетараф) мағлуб шуд.
Ин дуюм медали варзишгарони мо дар Гран Слами Қазоқистон мебошад. Дирӯз Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81кг ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Гранд Слами Қазоқистон 334 варзишгар (190 мард, 144 зан) аз 42 давлати ҷаҳон иштирок доштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар байни мардон намояндагӣ намуда, ду медали тилло ба даст оварданд.
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бо як медали тилло ва як нуқра дар ҳисоби даставӣ байни 42 давлат дар ҷои 5-ум мавқеъ гирифт.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






