«ҲУНАР ОМӮЗ…». Ғолибону ҷоизадорони даври ҷумҳуриявии озмун қадрдонӣ карда шуданд

Июнь 5, 2023 10:56

ДУШАНБЕ, 05.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 4 июн дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз рафти баргузории озмун муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд – созмонҳои байналмилалӣ боздид намуданд.

Тибқи низомнома, ба озмун ҳунармандон аз рӯйи 7 номинатсия, аз ҷумла «кандакорӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ», «гаҷкорӣ, ойинабандӣ, кундалнигорӣ», «заргарӣ, мисгарию оҳангарӣ» «ороиш аз санг», «кулолгарӣ», «читгарӣ, зардӯзӣ, нақшдӯзӣ, попурӣ», «амадмолӣ ва қолинбофӣ» молу маҳсулоти худро дар се давр пешниҳод намуданд.

Моҳи майи соли 2023  даври якум дар шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он 278 ҳунарманд бо пешниҳоди маҳсули дастони худ иштирок намуд.


Ба даври ниҳоӣ 96 ҳунарманд аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо роҳхат гирифта, ҳунарҳои худро ба ҳайати ҳакамон, иштирокчиён ва меҳмонон муаррифӣ намуд.

Аз рӯйи ҳар як номинатсия ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 муайян гардида, бо мукофотҳои пулӣ, «Дипломҳо»-и дараҷаи 1, 2 ва 3, сарфароз гардонида шуданд. Ба ғолибони ҷойҳои якум ҷоизаи «Ҳунарманди сол»  супорида шуд.

Ҳамзамон барои ҳамкорӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани озмун ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Озмун  бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои тарғиб ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шуд.

Ёдовар мешавем, ки  озмуни мазкур тибқи «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023»,  ки санаи доиршавии он   шанбе ва якшанбеи якуми моҳи июн муайян шудааст, ташкил гардид.

Мақсад аз баргузории озмун рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ҳифз ва нигаҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандон буда, инчунин барои ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 5, 2023 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд
Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 6260 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд