Варзишгарони Тоҷикистон барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии наврасон – Дакар-2026 дар Узбекистон омодагӣ мегиранд
ДУШАНБЕ, 23.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 июн то 1 июли соли равон барои наврасони федератсияҳои таэквондо, ҷудо, гӯштини юнонӣ-римӣ ва варзиши сабуки Тоҷикистон дар Узбекистон ҷамъомадҳои машқӣ- таълимӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, варзишгарони навраси мамлакат дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқаҳои интихобии олимпӣ ва дарёфти роҳхат ба 4-ум Бозиҳои олимпии наврасон — Дакар-2026 ба Ҷумҳурии Узбекистон сафарбар шудаанд.
Бояд таъкид намуд, ки ба ин ҷамъомадҳои машқӣ -таълимӣ 18 нафар варзишгар ва 8 нафар мураббиён ҷалб гардидаанд.
Пеш аз сафарбар гардидани ҳайати варзишгарон ва мураббиёни мамлакат ба ин ҷамъомадҳои машқӣ таълимӣ дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо онҳо мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот варзишгарони наврас ва мураббиён ба Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дасгириҳои пайваста ва баргузории ин ҷамъомадҳои машқӣ -таълимӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






