Варзишгарони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ ду медал ба даст оварданд

Июнь 19, 2023 10:53

ДУШАНБЕ, 19.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 18 июн дар шаҳри Фанг-Нгаи Таиланд Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ-марафон байни калонсолон, ҷавонон ва наврасон баргузор гардид, ки дар он варзишгарони Тоҷикистон ду медал ба даст оварданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин чемпионат Ҷумҳурии Тоҷикистонро Шаҳриёр Даминов ва Муҳаммад Радҷабов намояндагӣ намуданд.

Шаҳриёр Даминов байни калонсолон дар намуди каноэ якнафара ҷойи дуюм дар масофаи 10000м ва Раҷабов Муҳаммадӣ байни наврасон дар намуди каноэ якнафара дар масофаи 10000м ҷойи аввалро сазовор гаштаанд.

АКС: Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон

Июнь 19, 2023 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд