АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Истаравшан курси сайёри таҷрибаомӯзӣ аз рӯйи барномаи мазкур оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 04.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 3 июл дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд курси сайёри таҷрибаомӯзӣ барои раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Дарвоз, Спитамен, Файзобод, Шаҳринав ва Муъминобод аз рӯйи барномаи «Таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуруъ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар медиҳад.
Курси сайёри таҷрибаомӯзӣ аз 3 то 5 июли соли равон идома ёфта, дар рафти он шунавандагон бо таҷрибаи пешқадами сектори истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии муваффақи ҳудуди шаҳри Истаравшан шинос гардида, донишу малакаи худро табодул менамоянд.
Дар ифтитоҳи курс иброз гардид, ки таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стретегии мамлакат ба шумор рафта, расидан ба он фаъолнокӣ ва муттаҳидиро талаб менамояд. Бахусус саҳми ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар ташаккули захираи озуқавории мамлакат ва дар ин росто расидан ба амнияти озуқаворӣ бисёр муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир ва буҳрони иқтисодии пешгӯинашаванда, ки ба як қатор омилҳои амниятиву сиёсӣ вобаста аст, ҳар давлатро зарур аст, ки барои таъмини амнияти озуқавории аҳолии худ тамоми имконоту иқтидори заруриро ба ин самт равона созанд.
Тазаккур дода шуд, ки дар рафти курси сайёри таҷрибаомӯзӣ иштирокчиён аз маконҳои таърихӣ, муассисаву ташкилотҳо, заводу фабрикаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди шаҳри Истаравшан дидан менамоянд.
Дар идома баён гардид, ки аҳли заҳмати шаҳри Истаравшан тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ барои расидан ба ҳадафи стратегии мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ талош намуда, дар ин самт ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Айни ҳол дар миқёси вилояти Суғд шаҳри Истаравшан аз минтақаҳои пешсафи иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳудуди он заводу фабрикаҳои зиёде, ки вазифаашон таъмини бозори озуқаворӣ бо маводи истеъмолӣ мебошад, фаъолият менамояд.
Гуфта шуд, ки меҳнаткашони шаҳри Истаравшан минбаъд низ сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти мамлакатро дастгирӣ намуда, дар пайи иҷрои ҳадафҳои он собитқадамона талош менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






