Аз тасвиби Амри Президенти Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат»» як сол сипарӣ гашт

Июль 7, 2023 10:08

ДУШАНБЕ, 07.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 июл аз ба тавсиб расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров  баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат»» як сол сипарӣ шуд.

Тибқи Низомномаи озмун, даври якум ва дуюми он дар ҷумҳурӣ баргузор шуда, даври сеюм- нимаи дуюми моҳи сентябр дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир мегардад.

Нимаи якуми моҳи декабр даври чоруми озмун —барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор карда мешавад.

Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Масъулони баргузории озмун — вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда,  кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар тарғиби ҷараёни баргузории он иштирок мекунанд.

Озмун дар байни аҳолии мамлакат, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии ҷумҳурӣ, ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва олимону муҳаққиқони соҳаи таърих доир мегардад.

Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврали соли 2023 то моҳи декабри соли 2023 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:

даври якум – моҳи феврал дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

— даври дуюм – моҳи июн дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);

— даври сеюм – нимаи дуюми моҳи сентябр дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

— даври чорум — нимаи якуми моҳи декабр барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон».

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, ғолибон ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегардонанд.

Талабот ба иштирокчиёни озмун аз инҳо иборат мебошад:

— доштани дониши муфассал доир ба асари «Тоҷикон» ва муаллифи он академик Бобоҷон Ғафуров;

— қобилияти нақлу тафсири воқеаҳои таърихии давраҳои муайян;

— баёни лаҳзаҳои муҳимми асар, қобилияти сухандониву суханронӣ, асосноккунии рӯйдодҳои таърихӣ ва нақши онҳо дар таърихи халқи тоҷик;

— донистани санаҳои муҳимми таърихӣ, давраҳои таърихӣ ва чеҳраҳои таърихсози халқи тоҷик;

— донистани мероси таърихиву фарҳангии моддиву маънавии халқи тоҷик;

— маълумот доир ба ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихие, ки баёнгари таърихи бостонии миллати тоҷик мебошанд;

— донистани сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмиву бадеӣ оид ба таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик.

Озмуни  мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки барои  баргузории озмуни мазкур  аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2023 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  1 480 000 (як миллиону чорсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ  ҷудо гардидааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 7, 2023 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Дар Австрия барои шаҳрвандони Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида мешавад
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар рӯзи дуюм аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Дар Душанбе хатари офатҳои табиии марбут ба пиряхҳоро баррасӣ намуданд