Ба Тоҷикистон 2 миллиону 551 ҳазор воя ваксинаи зидди бемории сурхча ворид гардид
ДУШАНБЕ, 04.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 3 июли соли равон ба Тоҷикистон 2 миллиону 551 ҳазор воя ваксинаи зидди бемории сурхча ворид карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нақша дорад, ки байни кӯдакони аз 6 — моҳа то 15 -сола, ки 2 миллиону 633 ҳазору 54 нафарро ташкил медиҳанд, маъракаи ваксинагузаронӣ зидди бемории сурхчаро гузаронад.
Ногуфта намонад, ки аз 27 феврали соли 2021 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии иммунопрофлактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардид.
Барномаи мазкур бо мақсади тамини амнияти санитариву эпидемиологии аҳолии мамлакат, пешгирии пайдоиши паҳншавии бемориҳои сироятӣ ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, устувор нигоҳ доштани мақоми давлати озод аз бемории фалаҷ ва баланд бардоштани дастрасии сифатнокӣ ва самаранокии хитзматрасонии тиббӣ, беҳтар намудани саломатии модар ва кӯдак, таъмини дарозумрии аҳолӣ ва пурзўр намудани кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ таҳия шудааст.
Бояд гуфт, ки бо мақсади иҷрои бандҳои барномаи мазкур бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд марҳила ба марҳила ба ҷумҳурӣ ваксинаҳо ворид карда мешаванд.
Дар шаш моҳи соли 2023 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 430 ҳазор воя ваксинаҳои гуногун баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ ба воситаи иммунизатсияи идорашаванда ворид карда шудаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд






