Барои иштирок дар Форуми ҷавонони Раёсати СММ роҷеъ ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ озмун эълон мешавад
ДУШАНБЕ, 21.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Форуми ҷавонони Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид роҷеъ ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) озмун эълон менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур.
Дар ҳошияи иҷлосияи навбатии Комиссияи маводи мухаддир Форуми ҷавонони Раёсати СММ роҷеъ ба маводи мухаддир ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамасола барои ҷавонони фаъол ва ташаббускор, пешбарандаи масъалаҳои марбут ба ҷилавгирӣ аз нашъамандӣ, амнияти ҷомеа ва рушди ҷавонон баргузор мешавад. Вобаста ба ин Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ даври қабули номзадҳоро барои Форуми ҷавонон дар соли 2024 эълон намудааст.
Хоҳишмандон (аз 14 то 23-сола) метавонанд маълумоти худро (маълумотнома ва шиноснома) барои иштирок дар чорабинии мазкур то 20 августи соли равон ба суроғаи mehrobhusain@yahoo.com ирсол намоянд. Хароҷоти пурраи сафар аз ҷониби даъваткунанда пардохт мешавад.
Забони кории ҳамоиш англисӣ буда, бе тарҷума мегузарад. Аз ин лиҳоз ҳамаи номзадҳои пешниҳодшаванда бояд забони англисиро дар сатҳи хуби корӣ донанд, то дар мубоҳисаҳои иҷлосия иштирок карда тавонанд.
Баргузории ҳамоиш моҳи марти соли 2024 дар шаҳри Венаи Австрия дар назар аст.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






