«БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН». Дар Суғд даври вилоятии ин озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз гардид

Июль 12, 2023 11:18

ДУШАНБЕ, 12.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 июл дар вилояти Суғд даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тибқи Низомнома, даври вилоятии озмун 12-13 июл баргузор гардида, дар он 92 нафар довталаб аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок менамоянд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, таъмини иштироки онҳо дар идоракунии давлатӣ ва амалигардонии «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дар байни бонувоне, ки дар соҳаи хизмати давлатӣ фаъолият менамоянд, доир мегардад.

Баргузории озмуни мазкур ҳавасмандгардонии занон-хизматчиёни давлатиро баҳри фаъолияти самарабахш дар хизмати давлатӣ, тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти онҳо, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занонро дарбар мегирад.

Ёдовар мешавем, ки даври аввали озмуни мазкур тибқи Низомнома, аз 19 то 28 июни соли 2023 дар сатҳи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шаҳру ноҳияҳо баргузор ва ҷамъбаст гардид. Ғолибонро комиссияи озмун муайян намуда, ба даври вилояти пешбарӣ намуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 12, 2023 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд