Бо ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти ташкилоти «Pamir Daily News» дар ҳудуди ҷумҳурӣ манъ гардид
ДУШАНБЕ, 20.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2023 аризаи даъвогии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шуда, ташкилоти «Памир дейли нюс» («Pamir Daily News») ё «Памир нюс» (“Pamir News») ташкилоти экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи расмии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳамзамон фаъолияти сомонаҳои интернетии ташкилоти мазкур дар ҳудуди мамлакат манъ гардидааст.
Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳар шакл ҳамкорӣ намудан бо ин ташкилоти экстремистӣ ва роҳбарону аъзояш ғайриқонунӣ буда, анҷом додани амалҳои мушаххас ба манфиати онҳо сабаби ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






