Боғпарварони Кӯшониён ҳосили меваҳоро беталаф ҷамъ меоваранд
ДУШАНБЕ, 19.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагиҳои деҳоти Сарвати Истиқлол ва Заргари ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ҷамъоварии ҳосили боғҳо ҷараён дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Кӯшониён хабар медиҳад.
Боғпарварӣ дар ноҳия яке аз манбаъҳои сердаромад дар соҳаи хоҷагии халқ ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо аъзои кооперативи тиҷоратии «Беҳбудӣ» дар деҳаи Ганҷинаи Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ба хушконидани меваҳо машғул мебошанд. Деҳқонони хоҷагии мазкур дар масоҳати 27,38 гектар дарахтони мевадиҳандаи себ, зардолу, олуболу, биҳӣ себ, нок ва шафтолу шинонидаанд.
Деҳқонон меваҳои навъи олуболу, себ, лимӯ, зардолу, хурмо ва биҳисебро хушконида, ғулинг карда, ба бозори истеъмолӣ содир намуда истодаанд.
Дар Коперативи тиҷоратии «Беҳбудӣ» ба кори самаранок истифода бурдани заминҳои хоҷагӣ низ аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, майдони зери дарахтон оқилона ва босамар истифода мешаванд.
Гуфта шуд, ки коркарди саривақтии боғҳо ва риояи талаботи агротехникӣ сабаби он гардидааст, ки ҳамарӯза ҳосили боғҳо ба бозорҳои вилоят, ҷумҳурӣ ва хориҷи мамлакат содирот мегардад.
Роҳбарияти ноҳия барои беталаф ҷамъ овардани ҳосили боғҳо ва нигоҳдории онҳо дар сардхонаҳои ноҳия ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Кӯшониён









СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд






