Бонки Авросиёии рушд барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон 650 миллион доллар маблағгузорӣ менамояд

Июль 1, 2023 14:27

ДУШАНБЕ, 01.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бонки Авросиёии рушд дар давраи солҳои 2023-2026 барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон 650 миллион доллар маблағгузорӣ менамояд. Ин тавофуқ дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Раиси Бонки Авросиёии рушд Николай Подгузов ба даст омад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд, мулоқот дар ҳошияи ҷаласаи солонаи Шӯрои Бонки Авросиёии рушд дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Зимни он ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авросиёии рушд, ҷалби маблағҳои имтиёзнок вобаста ба таъсири омилҳои берунӣ ва нақшаи зиддибуҳронии Ҳукумати ҷумҳурӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди мамлакат ва дурнамои ҳамкории миёнамуҳлатро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар робита ба ин аз Раиси Бонки Авросиёии рушд дархост карда шуд, ки маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон барои ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла рушди иқтисоди сабз, саноатикунонӣ, тақвияти иқтидори содиротӣ, иқтисоди рақамӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ зиёд карда шавад.

Ҷониби Бонки Авросиёии рушд омодагии худро барои зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳо дар самтҳои пешниҳодгардида баён намуда, итминон дод, ки сандуқи сармоягузориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 5 фоизи ҳаҷми умумии сандуқи сармоягузории Бонк афзоиш медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз аз ҷониби Бонки Авруосиёии рушд ва сохторҳои он 13 лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 266,4 миллион доллар, аз ҷумла 7 лоиҳаҳои грантию имтиёзноки Хазинаи Авруосиёи Устуворӣ ва Рушди Бонки Авруосиёии рушд  ба маблағи 215 миллион доллар ва 6 лоиҳаи худи Бонк ба маблағи 51,4 миллион доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуданд.

Дар фарҷом ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар давоми солҳои 2023-2026 Бонки Авросиёии рушд барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки мамлакат 650 миллион доллар маблағгузорӣ менамояд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 1, 2023 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид