Бонки миллии Тоҷикистон: «Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 54,2 миллиард сомонӣ расида, рушди воқеии он ба 8,3 фоиз баробар гардид»
ДУШАНБЕ, 13.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои берунӣ корҳо дар самти устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиши таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ дар мамлакат тақвият ёфта, рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардид. Чунин таъкид шуд дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли равон.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар шаш моҳи соли равон маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) мамлакат ба 54,2 миллиард сомонӣ расида, рушди воқеии он ба 8,3 фоиз баробар гардид. Сатҳи таваррум бошад, дар давраи ҳисоботӣ 2,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 банди фоизӣ кам мебошад.
Таъкид гардид, ки меъёри бозтамвил, ки фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ барои анҷом додани амалиётҳои монетарӣ ба ҳисоб меравад, дар асоси дурнамои таъсири хавфҳои эҳтимолии дохилию берунӣ ба иқтисодиёт бо назардошти дар сатҳи поёнии ҳадафи муқарраргардида қарор доштани сатҳи таваррум ва беҳтар шудани интизориҳои таваррумии аҳолӣ таҷдиди назар гардида, то ба 10,0 фоизи солона паст карда шуд.
Аз ташкилотҳои қарзии молиявии мамлакатро даъват карда шуд, ки ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», аз 22 июни соли 2023, ки барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, коҳиши амалиётҳои нақдӣ ва кам намудани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам мегузорад, тадбирҳои зарурӣ андешанд. Инчунин корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ барои қабули пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ тақвият дода, инфрасохтори пардохти ғайринақдӣ дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, хусусан дар ноҳияҳои дурдаст бо роҳи афзудани шумораи воситаҳои электронии пардохтӣ, васеъ намудани шабакаи POS-терминалҳо, QR-рамзҳо, зиёд кардани теъдоди истифодабарандагони зами-мабарномаҳои мобилӣ, ҷалби агентҳои бонкии пардохтӣ тавсеа бахшанд.
Ҳамзамон «Амонатбонк» муваззаф гардид, ки ҳамкорӣ ва ҳамгироии мутақобиларо бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои қабули пардохтҳои ғайринақдии ҳама намудҳои хизматрасониҳои давлатӣ таъмин намояд.
Дар ҷаласа ки роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи пасандозу амонатҳои Тоҷикистон ва Бюроҳои таърихи қарзӣ иштирок доштанд, вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023 тасдиқ гардид.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1210 то 0.1230 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои бунёди хати интиқоли барқ дар Тоҷикистон Созишномаи молиявии грантӣ ба имзо расид
Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Хатлон дар беш аз 64 ҳазор гектар тухмгузории малахи марокашӣ ба қайд гирифта шудааст
Ба иқтисоди Тоҷикистон соли 2025 қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид
Ҳайати Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ҷаласа доир ба татбиқи методологияи «Таҳқиқоти вақти иҷозати мол» иштирок намуд
Ҷаласаи миллӣ оид ба таҳияи дастурамалҳои рушди устувори гидроэнергетикаи хурд баргузор шуд
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар муқовимат ба коррупсия густариш меёбад
Дар шаҳри Остона масоили омодагӣ ба Саммити минтақавии экологӣ баррасӣ гардид






