«CAFA FUTSAL CUP-2023». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба мусобиқа омодагӣ мебинад

Июль 20, 2023 10:57

ДУШАНБЕ, 20.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023», ки аз 23 то 30 июл дар Душанбе баргузор мешавад, дар Гулистон ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мусобиқаи CAFA дастаҳои шаш кишвари минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок менамоянд.

Дар доираи мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дар маҷмуъ 15 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила гузаронида мешавад.  Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

Ҳамаи бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ доир мешаванд.

«CAFA Futsal Cup-2023»

Иштирокчиён:

ТОҶИКИСТОН

Эрон

Узбекистон

Қирғизистон

Туркманистон

Афғонистон

Даври 1

23 июл (якшанбе)

12:00 Қирғизистон – Афғонистон

15:00 Эрон – Туркманистон

18:00 Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 2

24 июл (душанбе)

14:00 Эрон – Қирғизистон

17:00 Узбекистон – Афғонистон

20:00 ТОҶИКИСТОН – Туркманистон

Даври 3

26 июл (чоршанбе)

14:00 Туркманистон – Узбекистон

17:00 Афғонистон – Эрон

20:00 ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Даври 4

28 июл (ҷумъа)

14:00 Эрон – Узбекистон

17:00 Қирғизистон – Туркманистон

20:00 Афғонистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 5

30 июл (якшанбе)

14:00 Туркманистон – Афғонистон

17:00 Узбекистон – Қирғизистон

20:00 ТОҶИКИСТОН – Эрон

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Июль 20, 2023 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд