«CAFA FUTSAL CUP-2023». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал нахустин бозии худро анҷом дод

Июль 24, 2023 08:35

ДУШАНБЕ, 24.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 июл дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) нахустин мусобиқа байни дастаҳои миллии футзал оғоз шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар бозии нахустинаш дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» аз барандаи медали биринҷии Ҷоми Осиё-2022 – дастаи Узбекистон бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд. Аз ҳайати дастаи мо Файзалӣ Сардоров ва Дилшод Саломов гол заданд.

Дар вохӯриҳои дигар дастаи Афғонистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 5:4 ва дастаи Туркманистон бар футзалбозони Эрон бо ҳисоби 2:1 пирӯзӣ ба даст оварданд.

Бозиҳои даври дуюм имрӯз,  24 июл баргузор мешаванд. Соати 14:00 дастаҳои миллии Эрон ва Қирғизистон вомехӯранд. Сипас соати 17:00 вохӯрии дастаҳои Узбекистон ва Афғонистон оғоз мешавад. Соати 20:00 дастаҳои Тоҷикистон ва Туркманистон ба ҳам меоянд.

«CAFA Futsal Cup-2023»

Даври 1

Узбекистон – ТОҶИКИСТОН – 4:2

Голҳо: Дилшод Раҳматов, 16 (1:0). Ҳусниддин Нишонов, 18 (2:0). Файзалӣ Сардоров, 19 – аз пеналти (2:1). Акбар Усмонов, 24 (3:1). Дилшод Саломов, 25 (3:2). Илҳомҷон Ҳамроев, 33 (4:2).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Акбар Усмонов (Узбекистон).

23 июл. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ. 800 тамошобин.

Қирғизистон – Афғонистон – 4:5

Голҳо: Дониёр Талайбеков, 5 (1:0). Шоҳрух Маҳмадаминов, 6 (2:0). Ризо Ҳусейн Факир, 10 (2:1). Муҳаммад Алии Фаёзӣ, 13 (2:2). Ҳомид Ризо Ҳусайнӣ, 15 (2:3). Меҳрон Ғуломӣ, 18 (2:4). Муҳаммад Аскарбеков, 25 (3:4). Дониёр Талайбеков, 34 (4:4). Меҳрон Ғуломӣ, 38 (4:5).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Меҳрон Ғуломӣ (Афғонистон).

23 июл. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ. 105 тамошобин.

Эрон – Туркманистон – 1:2

Голҳо: Гиличмурод Гиличмуродов, 32 (0:1). Алӣ Акрамӣ, 33 (1:1). Мақсад Султонов, 38 (1:2).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Пиргулӣ Гиличмуродов (Туркманистон).

23 июл. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ. 300 тамошобин.

Даври 2

24 июл (душанбе)

14:00 Эрон – Қирғизистон

17:00 Узбекистон – Афғонистон

20:00 ТОҶИКИСТОН – Туркманистон

Даври 3

26 июл (чоршанбе)

14:00 Туркманистон – Узбекистон

17:00 Афғонистон – Эрон

20:00 ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Даври 4

28 июл (ҷумъа)

14:00 Эрон – Узбекистон

17:00 Қирғизистон – Туркманистон

20:00 Афғонистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 5

30 июл (якшанбе)

14:00 Туркманистон – Афғонистон

17:00 Узбекистон – Қирғизистон

20:00 ТОҶИКИСТОН – Эрон

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 24, 2023 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд