ДАР БАДАХШОН ҲАВЗҲОИ ШИНОВАРӢ ХЕЛЕ КАМ ҲАСТАНД. Наврасону ҷавонон барои оббозӣ ночор ба дарёи Панҷ рӯ меоранд
ХОРУҒ, 26.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади пешгирӣ аз оббозӣ дар маконҳои хатарнок ва ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш дар ҳавзу рӯдхонаҳои шаҳру деҳот бо фароғаткунандагони лагери истироҳативу маърифатии «Саодат» суҳбат намуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Корманди масъули ин раёсат Шуҳрат Шоисматов гуфт, ки «давоми як моҳи охир дар ҷумҳурии мо ҳаво хеле гарму тоқатфарсо шудааст ва шумораи кӯдакону наврасоне, ки барои оббозӣ ба лаби дарёи Панҷ мераванд, бештар ба назар мерасад. На ҳамаи ин кӯдакону наврасон ва ҳатто ҷавонон аз қоидаҳои оббозӣ бохабар мебошанд. Аз ин рӯ зимни оббозӣ ҳодисаҳои нохуш аз эҳтимол дур нест. Давоми ду моҳи охир ду нафар дар об ғарқ шуданд, ки ҳар ду ҳам дар маконҳои мамнуъ ва дур аз чашми одамон оббозӣ мекарданд. Бинобар ин волидон ва мураббиён бояд дар рӯзҳои ниҳоят гарм ҳар қадами фарзандон ва шогирдони худро зери назорат гиранд ва рафтани онҳоро ба соҳили дарё ё рӯдхонаҳои кӯҳӣ пешгирӣ намоянд».
Яке аз сабабҳои рӯ овардани наврасону ҷавонон ба дарёву рӯдхонаҳои пуртуғён- ин вуҷуд надоштани ҳавзҳои шиноварӣ мебошад. Дар айни ҳол ба ҷуз аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон дигар дар ягон деҳот ва ҳатто маркази ноҳияҳо ҳавзҳои шиноварӣ мавҷуд нестанд. Ин дар ҳоле аст, ки бештари майдончаҳои футбол дар соҳили дарёи Панҷ ҷойгир мебошанд ва наврасону ҷавонон баъди футболбозӣ аз ночорӣ дар дарёи Панҷ, ки ҳафтаҳои охир сатҳи оби он хеле баланд шудааст, оббозӣ мекунанд.
Ба гуфтаи ин масъули Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилоят, «соли равон дар маконҳое, ки барои оббозӣ хатарнок ҳастанд, лавҳа ва ё нишонаҳои махсус гузошта шуданд, аммо мутаассифона, на танҳо наврасону ҷавонон, балки ҳатто калонсолон ба ин навиштаву нишонаҳо аҳамият намедиҳанд. Аз ин рӯ онҳое, ки шиновар ҳастанд, худро ба соҳил мерасонанд, вале онҳое ки шиновар нестанд, ғарқ мешаванд. Кӯдакону наврасон асосан аз бетаҷрибагӣ ва беназоратии волидон бо чунин ҳодисаҳо дучор меоянд».
Мутахассисони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят бар ин назар ҳастанд, ки роҳи асосии аз байн бурдан ва ё коҳиш додани ғарқшавӣ дар дарёи Панҷ- ин дар назди майдончаҳои футбол бунёд намудани ҳавзҳои шиноварӣ мебошад. Ояндаи наздик раисони ноҳияҳо сохтмони ҳавзҳои шиновариро бояд яке аз мақсадҳои асосии барномаи кории худ қарор диҳанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






