Дар Душанбе Форуми байналмиллалии ҷавонон таҳти унвони «Барои ояндаи босубот ва рушд якҷоя амал мекунем» баргузор гардид

Июль 12, 2023 17:21

ДУШАНБЕ, 12.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Барои ояндаи босубот ва рушд якҷоя амал мекунем» Форуми байналмиллалии ҷавонон оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳи форуми байналмилалӣ муовини Сарвазири малакат Матлубахон Сатториён иштирок ва суханронӣ намуд. Дар кори форум ҷавонони фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок менамоянд.

Тибқи нақша, дар Тоҷикистон дар доираи таҷлили 26 -солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, бахшида ба чорабиниҳои ҷашнии Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, инчунин рушди ҳамкории байналмилалии ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ аз 11 то 14 июли соли равон Форуми байналмилалии ҷавонон бо иштироки ҷавонони фаъол аз Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.

Ҳамзамон нимаи дуюми рўзи 12 июли соли равон машварати гурӯҳи корӣ бо иштироки ҷавонон аз давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҷавонон лоиҳаҳои худро вобаста ба баланд бардоштани малакаи ҷавонон ва ба ин васила пешгирии онҳо аз ҳар гуна ҳаракатҳои хатарзо пешниҳод намуданд.

Тибқи нақша, дар доираи баргузории Форуми мазкур барои иштирокчиён ба мавзеъҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва сайёҳии шаҳри Душанбе, минтақаи Ҳисор ва шаҳри Ваҳдат сайёҳат ташкил карда шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 12, 2023 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд