Дар Душанбе масъалаҳои марбут ба имконияти дастрасии аҳолӣ ба доруҳои инноватсионӣ ва босифат баррасӣ гардид

Июль 28, 2023 09:51

ДУШАНБЕ, 28.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 июл  мулоқоти роҳбарияти  Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо роҳбари намояндагии ширкати Пфайзер Экспорт Би.Ви. дар Ҷумҳурии Қазоқистон, директори генералии мамлакатҳои Қавқоз ва Осиёи Миёна баргузор гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд.

Ҳадафи асосии мулоқот- баррасии масъалаҳои марбут ба имконияти дастрасии саривақтии аҳолӣ ба доруҳои инноватсионӣ ва босифат ба ҳисоб рафта, талаботи муқарраршуда дар самти танзими соҳаи фарматсия, воридот ва муомилоти дору дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

Мавриди тазаккур аст, ки ширкати Pfizer яке аз бузургтарин ширкатҳои фармасевтӣ ба ҳисоб рафта, бо мақсади таъмини стандартҳои баланди сифат дар ҷараёни гузаронидани тадқиқоти бехатар, коркард ва истеҳсолоти доруворӣ аз технологияҳои инноватсионӣ ва захираҳои имрӯзаи глобалӣ истифода мебарад. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи ширкатро дору, ваксинаҳо ва молҳои тиббӣ ташкил медиҳанд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуда, омодагии худро ба ҳамкорӣ дар ин самт изҳор намуданд.

АКС: Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Июль 28, 2023 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон