Дар Душанбе масоили омодагӣ ба офатҳои эҳтимолӣ ва ё ҳолатҳои буҳронӣ баррасӣ шуданд

Июль 19, 2023 14:50

ДУШАНБЕ, 19.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ бо сарварии мутахассис оид ба рушди шаҳр ва идораи хатари офатҳои бонк масъалаҳои алоқаманд ба муайян намудани вариантҳои имконпазири шароити триггерӣ барои таъмини дастрасии фаврӣ ба шароити бартарафшавандагӣ ҳангоми омодагиҳо ба офатҳои эҳтимолӣ ва ё ҳолатҳои буҳронӣ баррасӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба кумитаи мазкур хабар медиҳад.

Ҳадафи аслии мулоқот- баррасии механизмҳои истифодаи захираву имконияти Бонки ҷаҳонӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани офатҳо ва расонидани ёриҳо ба аҳолии зарардида, ҳамчунин дастгирии тадбирҳои аввалиндараҷаи андешида оид ба ҳолатҳои фавқулода мебошад.

Роҳбарияти Кумита ба меҳмонон дар бораи сохтмони Маркази миллии таълимӣ барои тайёр намудани мутахассисон, бунёди Марказ барои омода намудани ғаввосон, Маркази кинологӣ, идомаи сохтмони Маркази идораи ҳолатҳои буҳронӣ дар дастгоҳи марказӣ ва оғози сохтмони ин марказ дар минтақаҳо маълумот дод. Ғайр аз ин масъалаҳои ташкили тамринҳо, давраҳои омӯзишӣ ва семинарҳо барои кормандони ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки минбаъд низ ҳамкорӣ байни Бонки ҷаҳонӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба рушду тавсеа меорад.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Июль 19, 2023 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид