Дар Душанбе мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 30 июн мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар мусобиқаи мазкур ҳафт даста аз минтақаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷалб гардида, байни ҳам рақобат намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа дастаи Хатлон-2 ҷойи якум, дастаи Файзобод ҷойи дуюм ва дастаи Душанбе ҷойи сеюмро соҳиб шуд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибону ҷоизадорон ҷом, диплом ва мукофотҳои калони пулӣ тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки ғолиби ҷойи якум бо маблағи 20 000 сомонӣ, ҷойи дуюм бо маблағи 15 560 сомонӣ ва ҷойи сеюм бо маблағи 10 000 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






