Дар Душанбе оид ба нақши Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони тағйирёбанда мизи мудаввари байналмилалӣ баргузор шуд

Июль 1, 2023 15:41

ДУШАНБЕ, 01.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон таҳти унвони «Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони тағйирёбанда: дар шакли маҷлиси машваратии сарони давлатҳо бахшида ба панҷумин солгарди машваратӣ» мизи мудаввари байналмилалӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур бахшида ба Вохӯрии навбатии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, доир гардид.

Иштирокдорон бо қаноатмандӣ таъкид намуданд, ки тайи панҷ соли охир дар Осиёи Марказӣ фазои неки ҳамсоягӣ ва бародарӣ барқарор шуда, бо шарофати саъю кӯшиши ҳамкории муштарак дар асоси муколамаи васеъ соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра таҳким меёбад.

Ҳамчунин оид ба корҳои омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои иловагӣ дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратӣ дар шаҳри Душанбе, аз қабили Форуми иқтисодӣ, Форуми муколамаи занон, Форуми дуюми ректорони донишгоҳҳо, Форуми ҷавонон, Намоишгоҳи байналмилалии истеҳсолкунандагон, нахустин ҷаласаи вазирони нақлиёт, чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ, Фестивали таомҳои миллӣ, намоиши расмҳо, вохӯрии намояндагони интелигентсияи илмӣ ва марафони варзишӣ ибрози андеша карда шуд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 1, 2023 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид