Дар Хоруғ Конференсияи илмӣ-амалӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад

Июль 17, 2023 08:34

ДУШАНБЕ, 17.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзуи «Рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон: дастовард ва мушкилот (омӯзиши таҷрибаи Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон)» дар шаҳри Хоруғ баргузории Конференсияи илмӣ-амалӣ дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар конференсияи мазкур масъалаҳои зерин, аз ҷумла афзалиятҳои соҳаи сайёҳӣ дар вилоят, обҳои шифобахш омили рушд, тақвияти неруи инсонӣ, таъминоти кадрӣ ва шуғли пурмаҳсул, маконҳои таърихиву фарҳангӣ -муаррифии вилоят, рушди сайёҳии куҳнавардӣ ва шикор, нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва роҳҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баррасӣ карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 17 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба баргузории конференсияи мазкур доир гардид, ки масъалаи дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани он баррасӣ гардид.

Тазаккур дода шуд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, бо рӯдҳо ва дарёчаҳои шӯх, кӯлҳо, кӯҳҳо ва манзараҳои беҳамто дар ҷаҳон шуҳрат пайдо кардааст.

Мавҷудияти ҷойҳои таърихиву табобатӣ, аз қабили кӯли Сарез, Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Бибӣ Фотимаи Зуҳро, қаторкӯҳҳои баландтарин дар ҷаҳон ва пиряхҳои Помир ба рушди сайёҳии минтақа мусоидат менамоянд.

Бояд гуфт, ки сайёҳӣ дар ҷаҳон яке аз аз соҳаҳои даромадноки иқтисодиёти ҳар давлат маҳсуб шуда, бо назардошти муҳимияти соҳа ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ будани мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир барои рушду пешрафти ин соҳа тадбирҳои муассир меандешад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 17, 2023 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд