Дар истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Чангоб» шароити зарурӣ барои истироҳати кӯдакону наврасон фароҳам оварда шудааст
ҲИСОР, 06.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Чангоб», ки дар деҳаи Чангоби Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор воқеъ аст, 3 июли соли равон дар басти якум 30 нафар кӯдакону наврасон аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва 14 нафар кӯдак аз шаҳри Ҳисор ба истироҳати бофароғат ҷалб гардиданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Имрӯзҳо ин даргоҳ бо бунгоҳи тиббӣ, ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ, ошхона ва хобгоҳҳои барҳаво таъмин буда, дар соли 2022 бо маблағи зиёда аз 70 ҳазор сомонӣ ва дар соли 2023 бо маблағи 123 ҳазору 800 сомонӣ аз ҳисоби буҷети шаҳри Ҳисор таъмиру навсозӣ шудааст.
Дар ин макони фароғатӣ омӯзгорони ботаҷриба барои назорати истироҳаткунандагон фаъолият намуда, мураббияҳо аз рӯйи барномаи таълимию фароғатии истироҳатгоҳ кӯдакону наврасонро ба ватандӯстию худшиносӣ роҳнамоӣ менамоянд.
Ҳамчунин дар баробари ин дар муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо ва мактабҳои варзишии шаҳри Ҳисор 5310 нафар хонанда ба истироҳатгоҳҳои солимгардонӣ ҷалб шудаанд. 40 нафар хонандагони шаҳри Ҳисор дар истироҳатгоҳи «Файзи Истиқлол» истироҳат менамоянд.
Тавре масъулини истироҳатгоҳи «Чангоб» иброз намуданд, кӯдакону наврасон дар як баст 12 рӯз истироҳат менамоянд. Барои ҳар нафари онҳо аз ҳисоби Иттифоқҳои касабаи соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мешавад. Онҳо чор вақт бо хӯроки гарм таъмин буда, пайваста зери назорати табибону омӯзгорон қарор доранд. Барои истироҳати бофароғати кӯдакону наврасон тамоми шароити зарурӣ фароҳам гардида, бехатарии онҳо ҳангоми варзиш, оббозӣ ва дигар машғулиятҳо пурра таъмин карда шудааст.
Хушбахтона ду соли охир бо дастгирии роҳбарияти шаҳри Ҳисор истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Чангоб» таъмири пурра гардида, яке аз беҳтарин истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ дониста мешавад. Ин даргоҳи фароғатӣ имконият дорад, ки дар як баст то 280 нафар кӯдакону наврасонро қабул намояд. Вале истироҳаткунандагон Анушервони Шералӣ аз ноҳияи Шаҳритуз ва Ғаюров Юсуф аз деҳаи Хирманаки шаҳри Ҳисор аз кам будани сафи истироҳаткунандагон изҳори нигаронӣ намуда, гуфтанд, ки агар сафи ҳамсолони мо аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва шаҳри Ҳисор дар ин истироҳатгоҳ зиёд мебуд, мо ёру дӯстони зиёд пайдо мекардему урфу одати минтақаҳои гуногуни мамлакати азизамонро меомӯхтем.
Мувофиқи иттилои масъулини шаҳри Ҳисор, соли 2022 дар истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Чангоб» 40 нафар наврасону кӯдакон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва 50 нафар ятимони кул ва фарзандони кормандони давлатии шаҳри Ҳисор ба истироҳати тобистона фаро гирифта шуданд.
Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор гуфтанд, ки соли ҷорӣ дар басти дуюми истироҳатгоҳ 30 нафар ятимони кул ва 25 нафар фарзандони кормандони сохторҳои гуногуни шаҳр ҷалб карда мешаванд.
Дар шаҳри Ҳисор мувофиқи ҳисоботи оморӣ аз 151 ҳазору 900 нафар ноболиғ, 66 нафар кӯдакони ятими кул, 2664 нафар кӯдакони нимятим ва 1154 нафар кӯдакони маъюб мебошанд, ки аз ин шумора зиёда аз 65 нафари онҳо дар соли равон ба истироҳатгоҳи «Чангоб» ҷалб мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






