Дар ноҳияи Шаҳринав ярмаркаи пешниҳоди ҷойи кор баргузор гардид

Июль 23, 2023 11:21

ДУШАНБЕ, 23.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ярмаркаи пешниҳоди ҷойи кор, ки 21 июл дар ноҳияи Шаҳринав баргузор шуд, зиёда аз 200 нафар сокинону корҷӯён иштирок намуданд. Ба 7 нафар роҳхат барои кор дода шуда, 5  нафар барои касбомӯзӣ номнавис гардид.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар медиҳад.

Ярмаркаи пешниҳоди ҷойи кор бо ташаббуси  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия баргузор шуда, дар он аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо 112 ҷойи кор пешниҳод гардид. Инчунин дар ин ярмарка аз ҷониби Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1332 ҷойи кор пешниҳод шуд.

Масъулин тасмим гирифтаанд, ки баргузории чунин ярмаркаҳоро дар марказҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот низ ба роҳ монанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Июль 23, 2023 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид