Дар шаҳри Гулистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ доир шуд

Июль 25, 2023 12:14

ДУШАНБЕ, 25.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 24 июл дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд маросими ҷоизасупорӣ ба  ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва  ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Гулистон хабар медиҳад.

Ҷиҳати иҷрои амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид. Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 509 нафар иштирок намуда, 66 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» беш аз 200 нафар довталаб иштирок намуда, 61 нафар ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.

Инчунин дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» 60 нафар иштирок намуда, 10 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Ба ғолибоне, ки ба даври вилоятии озмунҳои мазкур роҳ ёфтаанд ва ба роҳбарони онҳо дастур дода шуд, ки бо омодагии ҷиддӣ дар даври вилоятӣ иштирок карда, соҳиби зинаҳои ифтихорӣ гарданд.

Дар вазъи тантанавӣ ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои пулӣ, ба омӯзгороне, ки шогирдонашон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, сипосномаю туҳфаҳои пулӣ ва ба иштирокчиёни фаъол ва волидайне, ки дар тарбия ва муваффақияти фарзандонашон саҳм гузоштаанд, сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

Июль 25, 2023 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова даври муассисавии озмун оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара даври аввали (муассисавии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои ғолибон портали электронӣ таъсис дода шуд