Дар шаҳри Турсунзода оид ба гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Турсунзода бо иштироки роҳбарияти шаҳр таҳти унвони «Гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ- омили рушди иқтисоди миллӣ» ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш роҳбарони филиали бонкҳо дар шаҳри Турсунзода ва муҳосибони ташкилоти буҷетӣ иштирок намуда, бо муҳтаво ва талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» шинос гардиданд.
Таъкид шуд, ки беҳтар намудани низоми бонкии мамлакат яке аз масъалаҳои муҳимтарине аст, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ гардидаанд. Бо мақсади мусоидат ба рушди бахши молиявӣ дастур дода шудааст, ки аз 1 августи соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва дигар намуди хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад.
Дар робита ба ҷараёни иҷрои фармони Президенти мамлакат ва тадбирҳои андешида дар ин самт роҳбарияти филиали «Амонатбонк» бо истифода аз навор ва слайдҳо ба саволҳои сершумори иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон аз ҷониби кормандони филиал ба иштирокчиён кортҳои пластикии ройгон пешниҳод гардид.
Ёдовар мешавем, ки истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо ба шаффоф гаштани ҷараёнҳои молиявӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми иқтисодиёти ғайрирасмӣ, афзоиши воридоти маблағҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ, зиёдшавии ҳаҷми амонатҳо ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд. Аз ҷониби дигар, гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ ба аҳолии мамлакат имконият медиҳад, ки ҳарчӣ бештар ба хизматрасонии пардохтӣ дастрасӣ пайдо намуда, бе рафтан ба марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо роҳи осон ва босуръат пардохти молу хизматрасониро ба таври фосилавӣ анҷом диҳанд ва вақти худро сарфа намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1180 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд






