Дар Тоҷикистон сохтмони 122 иншооти соҳаи тандурустӣ идома дорад

Июль 13, 2023 12:11

ДУШАНБЕ, 13.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон сохтмони 122 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 77 бинои  Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ  (КАТС), 36 госпитал ва  9 муассисаи тиббии хусусӣ ҷараён дорад.  Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳамзамон гуфта  шуд, ки бо мақсади беҳтарсозии ҳолати инфрасохтори муассисаҳои соҳа дар 6 моҳи аввали соли 2023 аз тамоми манбаъҳо  36 муассиса (31-КАТС, 4 – госпиталӣ, 1 — хусусӣ) сохта ба истифода дода шудааст.

Инчунин, 118 муассиса (84 КАТС, 34 госпиталӣ) аз таъмир бароварда шуда, дар  137 муассисаи дигар (96 КАТС, 41 госпиталӣ) идома дорад. Ба ғайр аз ин, дар ин муддат бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби вазорат дору ва таҷҳизотҳои ҳозиразамони тиббӣ дастрас шудааст.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 13, 2023 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид