Дастовардҳои Тоҷикистон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид муаррифӣ шуданд

Июль 18, 2023 14:37

ДУШАНБЕ, 18.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форуми сатҳи вазирон оид ба рушди устувор доир ба мавзуи «Фароҳам овардани имконият барои гузаронидани саммити Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ)» иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта шуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон давоми 5 соли охир новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ дар натиҷаи амалӣ намудани ислоҳоти иктисодӣ, барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои зиддибуҳронӣ дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ба якчанд дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Изҳор гардид, ки дар ин давра рушди миёнасолонаи иқтисодӣ дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, даромадҳои пулии аҳолӣ 2,1 маротиба, музди меҳнат 1,5 маротиба ва нафақа 1,3 маротиба афзоиш ёфт. Инчунин дастрасӣ ба оби нӯшокӣ, маориф, тандурустӣ ва неруи барқ беҳтар гардид. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 31 фоизи соли 2015 то 22,5 фоизи соли 2022 коҳиш ёфт.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар масъалаҳои глобалии об ва иқлим пешсаф буда, ташаббуси 5 — уми глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо қатъномаи Ассамблеяи генералӣ якдилона қабул гардид ва 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардид.

Тасмими ҷиддии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ намудани Ҳадафҳои рушди устувор таъкид гардида, аз намояндагони давлатҳои аъзо ва ташкилоти байналмилалии молиявӣ дархост гардид, ки кумаку дастгириҳои молиявию техникиро барои ноил гардидан ба ҳадафҳои рӯзномаи 2030 зиёд намоянд.

АКС: Вазорати рушди иқтсод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 18, 2023 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд