Доир ба таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонида ҳамоиш баргузор шуд

Июль 16, 2023 10:47

ДУШАНБЕ, 16.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда»  12 июл дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Пешбурди ғанигардонии орди гандум ва ташкил намудани «Фонди миллии гардиш» (премиксҳо) ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта шуд, ки масъалаи норасоии микронутриентҳоро тавассути мудохила ва бо иловаи ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ дар муддати муайян аз байн бурда, бо ин роҳ солимии аҳолии мамлакатро метавон дар якҷоягӣ таъмин намуд.

Дар ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз ҷумла дар банди 26-и «Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» ва банди 37-и «Нақшаи бисёрсоҳавии беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» имконияти таъсис додани «Фонди миллии гардиш (премиксҳо)» фароҳам оварда шудааст. Яъне, аз қабули ин ҳуҷҷатҳо хулоса кардан мумкин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдории сиёсии худро барои ҳифзи солимии аҳолӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ иброз намудааст.

Иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзуи мазкур сухан гуфтанд.

Дар фарҷом изҳори умедворӣ карда шуд, ки натиҷаи баргузории ҷаласа ба расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ, аз ҷумла ҷалби маблағгузории зарурӣ ва таъмини шароити иқтисодию техникӣ баҳри таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории аввалини ғанигардонида  мусоидат хоҳад кард.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 16, 2023 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид