Фаъолияти «Тоҷикаэронавигатсия» назаррасу муваффақиятҳо афзун шудаанд

Июль 7, 2023 14:41

ДУШАНБЕ, 07.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кормандону мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар шаш моҳи соли равон барои 25 ҳазору 264 киштиҳои ҳавопаймоӣ хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳазору 164 адад, ё 20 фоиз зиёд аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» хабар доданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ медиҳад, дар соли равон 12 ҳазору 919 парвозҳои транзитӣ анҷом дода шудааст, ки 1 ҳазору 719 парвоз ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 фоиз зиёдтар мебошад.

Таъкид карда мешавад, ки сабаби асосии зиёд гардидани парвозҳо дар барқарор гардидани иҷрои парвозҳои ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва ҷуғрофияи парвозҳо, истифодаи ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (транзит) мебошад.

Директори КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Бегиҷонзода таъкид менамояд, ки бо мақсади таҳкими иқтидор ва имкониятҳои фазои ҳавоии мамлакат ва густариши ҳамкории байнидавлатӣ ду санади муҳим дар самти Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ба имзо расид. Инҳо Созишнома оид ба ҳамкории дуҷониба ва ҳамоҳангсозӣ байни Марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Тошканд ва Созишнома оид ба ҳамкории дуҷониба ва ҳамоҳангсозӣ байни Марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Самарқанд мебошанд.

Инчунин барои таъмини фаъолияти босамари корхона дар самти нишондодҳои дақиқ, ба истифода супоридани низоми Д-АТИС дар дастгоҳи марказии шаҳри Душанбе ва филиалҳои корхона дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд амалӣ гардид.

Инчунин дар филиали корхона дар шаҳри Хуҷанд радиостансияи «Rohde&Schwarz» бо таҷҳизоти мавҷпахшнамо ба истифода супорида шуд.

Таъкид карда шуд, ки дараҷаи салоҳияти нишондодҳои пешгўии Маркази авиатсионии метеорологӣ тибқи низоми «TAF» бо ҷамъи филиалҳои корхона дар ин давра салоҳияти нишондодҳои пешгӯиро 92,1 фоиз хабар доданд, ки ин нишондиҳандаи хуб арзёбӣ мегардад.

Дар радифи вазифаҳои касбӣ дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ҳамзамон барои сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

АКС: КВД «Тоҷикаэронаивгатсия»

Июль 7, 2023 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд