ФУТБОЛ. Фонди ҷоизавии Ҷоми «Ҷавонӣ»-2023 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 03.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи Тоҷикистон дар таътили тобистона барои дастаҳои ҷавонони Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон маротибаи дуюм Мусобиқаи Ҷоми «Ҷавонӣ»-ро баргузор менамояд. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ даҳ даста ба се гурӯҳ тақсим шуданд. Ба гурӯҳи «А» -«Ҳосилот», «Файзканд», «Эсхата» ва «Регар-ТадАЗ» шомил гардиданд. Гурӯҳи «Б» аз «Хуҷанд», «Хатлон» ва «Куктош» иборат аст. Дар гурӯҳи «В» дастаҳои «Истиқлол», «Равшан» ва КМВА бозӣ мекунанд.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯйи системаи даврӣ доир мешаванд. Ғолибони гурӯҳ инчунин дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба марҳилаи баъдӣ роҳ меёбанд ва дар он ҷуфтҳои ниманиҳоиро ташкил мекунанд. Ғолибони бозиҳои даври 1/2 ниҳоӣ ба финал мебароянд ва дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи сеюм рақобат менамоянд.
Ғолиби мусобиқа бо 30 000 сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 20 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.
Ғолиби феълии мусобиқот мунтахаби ҷавонони «Истиқлол», ки соли гузашта дар бозии ниҳоӣ бар дастаи ҷавонони «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда буд, мебошад.
Натиҷаи қуръакашии Ҷоми «Ҷавонӣ»-2023:
Гурӯҳи «А»: «Ҳосилот», «Файзканд», «Эсхата», «Регар-ТадАЗ».
Гурӯҳи «В»: «Хуҷанд», «Хатлон», «Куктош».
Гурӯҳи «В»: «Истиқлол», «Равшан», КМВА.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






